Дар маҷлисгоҳи идораи телевизион ва радиои вилоят ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти ин идора дар 9 моҳи соли 2019 доир шуд, ки дар кори он муовини раиси вилояти Махфират Хидирзода иштирок намуд.
Зикр гардид, ки соли ҷорӣ бо қарори раиси вилояти Хатлон ба Идораи телевизион ва радиои вилоят 750 ҳазор сомонӣ барои харидорӣ ва насби таҷҳизоти муосири телевизионӣ ҷудо гардид. Моҳи сентябр ин таҷҳизот ба идораи ТВ-и вилоят дастрас гардиданд ва ҳоло насби онҳо ҷараён дорад. Роҳбарияти идораи телевизион мужда дод, ки сар аз моҳи ноябри соли ҷорӣ барномаҳои телевизиони “Хатлон” бо формати пахши дақиқияташ баланд HD ба эфир мебарояд.
Ҳамзамон бо кӯмаку дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муддати ду моҳ мешавад, ки шабакаҳои телевизионии “Хатлон” ва “Кӯлоб” тариқи моҳвора барномаҳои худро манзури тамошочиён мекунанд.
Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода зикр намуд, ки имрӯз телевизион василаи боэътимоди иттилоърасонӣ ва вусъатбахши маърифати мардум ба ҳисоб меравад.
- Шароити имрӯзаи демократикунонии ҷомеа, глобализатсияи ҷараёни иттилоот боиси фаъолшавии воситаҳои ахбори омма гардидааст, - афзуд М. Хидирзода. - Ҷомеаи имрӯза барои огоҳӣ аз навигариҳои рӯз, пайдо намудани таассуроти илмию эстетикӣ нисбати олами ҳастӣ ба воситаҳои ахбори омма хеле ниёз дорад. Дар байни воситаҳои ахбори омма аз нигоҳи дастрасӣ ва таъсирбахшӣ телевизион мавқеи муҳимро дорост, зеро барои бинанда дарки маънӣ тавассути садо ва симои ҳаракаткунанда гӯё ва фаҳмост. Аз ин ҷост, ки телевизион назар ба дигар навъи ВАО серистеъмол буда, қисми зиёди аҳолии мамлакат аз он ба таври васеъ истифода мебаранд. Ҳамчунин телевизион дар тарғиби ғояҳои иҷтимоӣ, ҳукуматӣ ва давлатӣ нақши муҳим дошта, фазои иттилоотиро мукаммал месозад.
Дар ҷаласа аз намояндагони васоити ахбори омма даъват шуд, ки ба ҳар як рӯйдоду воқеаҳои олам вокуниш нишон диҳанд ва маводҳои таҳлилиро таҳия ва пешкаш намоянд. Дастур дода шуд, ки роҳбарияти идораи ТВ ва радиои вилоят баҳри беҳтар кардани сатҳу сифати барномаҳо ва баланд бардоштани дараҷаи касбияти кормандони эҷодиву техникии худ тадбирандешӣ намояд.